Duration 12:46

Долмаи Туркӣ (Сарма) - Бо Барги Ангур - Осон Ва Болаззат

41 570 watched
0
640
Published 1 Nov 2018

Барги ангур 300г 1,5ст биринҷ 1д пиёз 1 қшқ тамати помидори 1қшқ тамати қаланфур Намак Қоқи қаланфури сабз Қоқи қаланфури сурх Пудинаи қоқ 1пиёла равғани зайтун, зайтун набошад ҳам мешавад Гашнич Ин долмаро бо қийма ҳам кунед мешавад. Баргҳои ангур агар тар нокарда бошанд, худатон шаб дар як кастрюл, об ва намак андозед баргҳоро андозед даҳони кастрюлро пушед то саҳара тайёр мешаванд, баргҳои ангурро чанд рӯзи, ки хоҳед нигоҳ дошта метавонед, лекин ҳар рӯз обашро алиш мекунед ва намак ҳам меандозед. Баргҳои ангур шур ки ҳастан онҳоро дар оби ҷӯшомадаги 3-4дқ меҷушонем мулоимак ҳам мешаванд барои печонидан осонтар мешаванд, баъд ҳамаи маҳсулотҳои фаршро омехта карда фаршро тайёр мекунем, баъд долмаҳоро мепечонем. Барги ангур ба камтар фарш меандозем як қабат мепечонем баъд ҳар ду тарафро ҷамъ карда то охирра мепечонем Ҳамаашро печонида дар як кастрюл мечинем, аз таги кастрюл баргҳои ангур баъзе ҳояш даридаги мебароянд онҳоро монед, баъ як картошкаро ҳам хоҳед реза карда монед.обро то пушонидани долмаҳо резед 3қш равған низ андозед. Баъд дар оташи баланд ҷӯш ки омад оташро паст кунед ~50дқ меҷӯшанд. Долмаҳои мо тайёр мешавад. Умедвoрам ба шумо ҳам писанд меояд, фикрҳои худро дап таги видео навиштанро фаромӯш накунед.

Category

Show more

Comments - 131